Матни равон

Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон имрӯз 03.02.2023 дар толори ҷамоати шаҳраки Консой бо сокинон доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Искандар Муродов роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Хайрулло Сатторзода комиссари ҳарбии шаҳр ва Амир Муҳаббатов раиси ҷамоат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 23-юми декабри соли ҷорӣ ироа гардид фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад.

Дар он бурду бохти ҳамаи самтҳо ва дурнамои рушди ояндаи онҳо тавзеҳ баррасӣ гардид. Тавре ки зикр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд”.

Ҳамчунин баромадкунандагон доир ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии падидаҳои номатлуб, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом волидайн барои баргузории чунин вохӯрии муҳим ба ташкилкунандагон изҳори сипос намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4201
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11623
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90010
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7629855

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?