Матни равон

Имрӯз, 20.04.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳр дар толори МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳ-мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон” баргузор карда шуд.

Дар хониши сиёсӣ Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Эмомалӣ Бобоев директори МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки дар воқеъ Қувваҳои мусаллаҳ-мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаи муқаддасу пуршараф-ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шудааст.

Дар таърихи навин волотарин дастовард дар баробари соҳиб шудан ба Истиқлоли давлативу миллӣ рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, зиёд гардидани иқтидори мудофиавӣ мебошад. Давлату миллати тоҷик дар таъмини иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ба ҷавонон эътимод доранд. Ҳамин аст, ки аз ҷониби роҳбарияти давлат барои дастгирӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Ҷавонони далеру сарбаланди тоҷик, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат ба Ватан доранд, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музаффариятҳои зиёдро касб намудаанд.

Дар ҷаҳоне, ки фазояш зудтағйирёбанда асту ҳамарӯза амалҳои ғайриинсонию даҳшатборе дар гушае аз он анҷом дода мешавад, амнияту субот доштан, соҳиби давлат будан ифтихору масъулияти бузург ва мояи сарфарозист. Барои дарк, эҳтиром ва ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ аз ҳар яки мо муносибати ҷиддӣ ва иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ тақозо мегардад. Дар робита ба таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо – тоҷикон, хоса, ҷавонон бояд ба қадири Ватан ва ҳар лаҳзаи суботу оромӣ бирасем ва бо дасту дили пок, нияти нек, садоқат ба давлату миллати худ, нангу номуси ватандорӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ кору фаъолият намоем.

Вобаста ба ин, ҳар як ҷавонмард вазифадор аст, ки ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо оранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4236
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21295
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54598
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8563032

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?