18 Май 2023
Имрӯз, 18.05.2023 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Корхонаи воҳиди давлатии комлекси геологии “Қайроққум” бо иштироки кормандони корхона, ҷамоати шаҳрак ва хонандагони муассисаи таълимии шаҳрак Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар доираи моҳвораи ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – неруи созандаи кишвар” баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Шарифҷони Саидраҳмон муовини Раиси шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии комлекси геологии “Қайроққум” Абдуллоев Ғуфрон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар воқеъ ҷавонон неруи созандаи кишвар маҳсуб меёбанд. Ҳукумати кишвар ҷиҳати дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон як қатор тадбирҳои заруриро ба роҳ мондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуда буданд, ки: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”.
Ҳамчунин, ҷавононро ҳамчун захираи стратегии миллат арзёбӣ намуда, бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтан, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилонаи онҳоро ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз масъалаҳои муҳимтарини Ҳукумати мамлакат донистанд.
Доир ба ҳалли масъалаҳои муҳими соҳа таъкид гардид, ки соли 2022 «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» қабул гардид ва ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд тадбирҳои амалӣ андешида шавад.
Имрӯзҳо баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Дар ин баробар ҷавононро ки неруи созандаи кишвар маҳсуб меёбанд, лозим аст, ки аз шароитҳои мусоиди фароҳамоварда шуда самаранок истифода намуда, дониши мукаммал омӯхта, ҳамчун мутахассиси варзида ба камол расанд ва дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.