Матни равон

Ҷавонони гиромӣ!

Ба ифтихори Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ки яке аз ҷашнҳои фараҳбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ҳамаи Шумо ҷавонони саодатманди шаҳрро табрику таҳният гуфта, бароятон бахту иқболи нек ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Бояд зикр кард, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълон гардидааст.

Алҳол дар шаҳри мо, ки беш аз 34 дарсади теъдоди сокинонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо бо рўҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр софдилона фаъолият доранд. Дар шаҳр тамоми шароиту имконоти зарурӣ баҳри дастгирӣ ва тарбияи ҷавонон муҳайёст.

Соли равон барои дастгирии ҷавонони шаҳр шумораи гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр 35  нафар ва маблағи он 900 сомониро ташкил дод, ки хонандагони аълохону фаъол сазовори Степендияи Раиси шаҳр гардиданд. Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миқдори гирандагони Стипендияи Президентӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 400 нафар ба 3000 нафар расонида шуд ва тибқи тақсимот, барои шаҳри Гулистон 16 адад Стипендияи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин шумора солҳои қаблӣ ҳамагӣ 3 ададро ташкил медод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон таъкид намуданд, ки: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.

Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.

Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст”.

Мо бояд ифтихор намоем, ки дар Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр, дар чунин кишвари зебои биҳиштосо зиндагӣ дорем ва ворисони фарҳангу тамаддуни бостонӣ ҳастем. Аз ин лиҳоз, сидқан дўст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон бояд аз ҳадафҳои асосии мо бошад.

Бори дигар ҳамаи Шумо - ҷавонони саодатманди Гулистонро, ки ворисони арзандаи миллату давлати соҳибистиқлол ва насли ояндасози Ватани маҳбубамон ҳастед, ба ифтихори Рўзи ҷавонони Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаи обод, осмони соф, азму талошҳои нав ба нав дар ҷодаи созандагиву бунёдкориҳо таманно менамоям. Ҳамзамон итминон дорам, ки Шумо бо кору пайкори созанда ва неруи қавӣ фаъолият намуда, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва кишвар саҳми арзандаи худро мегузоред.

Рўзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бод, ҷавонони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4808
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12230
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90617
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630462

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?