08 Июн 2023
Имрӯз, 08.06.2023 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода зимни суханронии худ дар оғози баргузории озмун зикр намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 №АП-329 баргузор карда мешавад. Дар ин замина қарори Раиси вилоят аз 04.04.2023, №113 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 06.05.2023, №284 ба тасвиб расидааст.
Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд гузаронида мешавад.
Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг, асарҳои мусиқӣ ва санъати тасвирӣ, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.
Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ба озмун, қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди композиторони ватанӣ ва инчунин асарҳо аз осори беҳтарини мусиқии классикии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии суннатӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд.
Дар озмун истифодаи фонограмма қатъиян манъ мебошад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад:
Дар ҳар панҷ номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзӯи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои Истиқлолу Озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт ва ободӣ ва ғайра таълиф шудаанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ғолибони даври шаҳрӣ дар даврҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмун низ бо иштироки фаъолона соҳиби натиҷаҳои назаррас мегарданд.
Сипас, озмун шурӯъ гардида 60 нафар довталаб аз рӯйи панҷ номинатсия ҳунару истеъдоди худро муаррифӣ намуданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон ғолибони даври шаҳрӣ муайян гардида, бо дипломҳои дараҷавӣ қадрдонӣ гардида, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.