Матни равон

Имрӯз, 12.06.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, воҳидҳои сохторӣ, комиссари ҳарбии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ ду масъала – натиҷагирӣ аз рафти сафарбарнамоии даъвати баҳории даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва тақвияти корҳои ободонӣ дар шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода кори ҷаласаро оғоз намуд. Комиссари ҳарбии шаҳр Сатторзода Хайрулло аз рафти иҷрои  нақшаи ҳарбӣ маълумот дод. Зикр гардид, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 марти соли 2023, №541  “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба тавсиб расида буд хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2023 ба эҳтиёт рухсат дода шуданд.

Ҳамчунин, моҳҳои апрел-майи соли 2023 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳо даъват карда шуданд.

Дар ин маъракаи даъват ба шаҳри Гулистон 75 нафар даъватшаванд муқаррар гардида, шаҳри Гулистон пеш аз муҳлат сарбаландона нақшаи даъватро иҷро намуд.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода барои пеш аз муҳлат ба анҷом расонидани нақшаи даъвати баҳорӣ ба масъулин изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, барои омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ ба масъулин вазифаҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон ҷиҳати тақвияти корҳои ободонӣ ба муносибати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои нақшаи иншооти ҷашнӣ, густариш додани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар байни ҷомеа ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб, аёдат ва дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ба муносибати Иди қурбон ва дигар масъалаҳои корӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4343
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21402
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54705
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8563139

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?