18 Июн 2023
Санаи 17.06.2023 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳкоимияти давлатии шаҳр бо фаъолони шаҳр бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҷаласаи корӣ баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи кории мазкур муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва соҳибкорон иштирок доштанд.
Нахуст муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода доир ба рафти иҷрои нақшаи иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Итсиқлоли давлатӣ маълумот дод. Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои Фармони Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022, №311 “Дар бораи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон”, қарори Раиси Вилояти Суғд аз 11-уми феврали соли 2022, №41 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 5-уми марти соли 2022, №76 “Дар бораи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон” ба тавсиб расида, нақшаи чорабиниҳо бо назардошти тағйиру иловаҳо дар 117 иншоот тасдиқ намуда, ҷиҳати иҷрои он корбарӣ намуда истодааст.
Аз ин теъдод тибқи нақша дар маркази шаҳр 61 адад, ҷамоати шаҳраки Адрасмон 24 адад, шаҳраки Консой 10 адад, шаҳраки Чоруқдарон 5 адад, шаҳраки Зарнисор 6 адад ва шаҳраки Сирдарё 11 адад мебошад.
Аз 117 иншооти ба нақша гирифта шуда 10 иншоот - корхонаю коргоҳи саноатӣ, 7 иншоот - соҳаи тандурустӣ, 12 иншоот - дар соҳаи маориф, 11 иншооти варзишӣ, 6 иншооти истироҳатӣ-фарҳангӣ, 2 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, 23 адад иншооти маркази савдо ва хизматрасонӣ, 11 иншоот сохтмонӣ роҳ, 1 адад сохтмони купрук, 9 адад бинои истиқоматӣ, 5 адад бинои маъмурӣ ва 20 адад дигар иншоотҳо мебошад.
Дар соли 2022 тибқи нақша 56 иншоот ба нақша гирифта шуда, 56 адад ба истифода дода шуд, ки 100%-и иҷрои нақша мебошад.
Дар соли 2023 тибқи нақша 44 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 11 адад ба истифода дода шуд, ки 25%-и нақшаи пешбинишуда мебошад. Дар ин самт корҳо идома доранд.
Барои соли 2024 тибқи нақша 17 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Дар маҷмуъ то имрӯз 67 адад иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст, ки 57,2%-и нақшаро фаро мегирад.
Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2022 дар шаҳр 4 иншоот ва дар соли 2023 5 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Сипас, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода аз натиҷаи сафари корӣ ба шаҳри Гулистон доир ба масъалаҳои ислоҳи камбудию норасоиҳое, ки дар маҷлиси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 24-уми январи соли 2023 баён гардида буданд инчунин дасутури роҳбари дасгоҳи иҷроияи Перезиденти Ҷумҳурии тоҷикистонт аз 18-уми январи соли 2023 №24/10-17, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ махсусан дар деҳоти кишвар сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда бахшида ба ҷашни 35-солаги истиқлоли давлатӣ, назорат ва пешниҳоди дурусту воқеии ҳисобот доир ба корҳои амалигардида дар ин самт. Вазъи воқеии корхонаву коргоҳҳоии истеҳсолӣ, истеҳсолоти маҳсулот дар онҳо барқарорсозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ. Суҳбат бо мардум ва сафарбар кардани онҳо ба корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдид ва тозагии ҳар як манзили истиқматӣ, кӯча, маҳалла, деҳа ва шаҳраку деҳот.
Истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо махсусан заминҳои наздиҳвлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон. Ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳо ва нуқтаҳои муайян ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти арзон ва босифати кишоварзӣ. Вазъи муассисаҳои соҳаи маориф, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, ашёву лавозимоти хониш ва либоси мактабӣ.
Вазъи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар самти таъминот бо катҳо, доруворӣ, таҷҳизот, табибон ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ. Иҷрои нақшаҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва риояи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби комиссияҳои давлатӣ. Вазъи рӯзгори мардум, махсусан сокинони деҳот, оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд, шахсони дорои имконияти маҳдуд, ятимон ва ба таври муташаккилона дастрас намудани кумакҳои моддиву молиявӣ ба онҳо бо саҳмгузории шахсони эҳсонкор ва ватандӯст расонидани кумаку хизматрасониҳо дар таъминоти рӯзгор, бездошти саломатӣ, таъмир ва сохтмону барқарорсозии манзилҳои истиқоматии онҳо ибрози назар намуда барои тақвияти корҳо супориш ва тавсияҳои судамнд дод.