17 Июн 2023
Санаи 15.06.2023 муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Муҳаммадӣ Аблусатторзода бо ҳамроҳии гурӯҳӣ корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба рафти корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дидан намуданд.
Нахуст гурӯҳи корӣ аз МТТ №5-и шаҳрак дидан намуд. Дар муассис барои ба таълим фаро гирифтани 170 нафар кӯдак шароит муҳайё мебошад. Ҷиҳати насби системаи ягонаи гармидиҳӣ ба муассиса 300000 (сесад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки то ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Сипас, гурӯҳи корӣ аз маркази саломатии шаҳрак дидан намуд. Итилоъ дода шуд, ки дар муассиса таъмири ҷорӣ ба маблағи 600000 (шашсад ҳазор) сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. Аз ҳисоби саховатмандони шаҳрак саҳни муассисаи сафолакпӯш карда шудааст. Муассиса соли 1940 сохта ба истифода дода шудааст. Аз 13 утоқи корӣ иборат мебошад.
Бадан гурӯҳи корӣ аз қасри фарҳанги шаҳрак дидан намуд. иттилоъ дода шуд, ки қасри фарҳанги шаҳрак соли 1957 сохта ба истифода дода шудааст. Дар дохили қасри фарҳанг китобхона низ фаъолият мекунад. Барои таъмири намои берунии бино ва дару тирезаҳои бино 703000 (ҳафтсаду се ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Ҷойи нишаст дар қасри фарҳанг барои 450 нафар мебошад.
Ба муносибати Ҷашни 35-соалгии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳрак 5 иншоот ба нақша гирифта шуда, 2 адади он ба истифода дода шудааст.
Ба масъулин ҷиҳати бо сифат ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои таъмиру азнавсозӣ супориш дода шуд.