20 Июл 2023
Имрӯз, 20.07.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз вазъи омодагии муассисаи таълимии №2-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дидан намуда, аз вазъи омодагии муассиса дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса таъмири ҷорӣ давом дошта, барои оғози солҳои хониши 2023-2024 омода карда шуда истодааст.
Ҳамчунин, ба масъулини соҳа ҷиҳати омодагиҳои ҳамаҷониба, таъмини либоси мактабӣ, таъмини муҳассилин бо китобҳои дарсӣ ва ҷалб намудани мутахассисони касбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.