25 Июл 2023
Санаи, 24.07.2023 таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи корӣ масъалаи бартараф намудани қарзи музди маош дар корхонаҳои саноатӣ, Комиссияи буҷетӣ ва зимистонгузаронӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ба масъулин ҷиҳати пайдо намудани роҳи ҷалби сармоягузорон барои ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва бо ин васила бартараф намудани қарзи музди маош супоришҳо дода шуд.
Ҳамчунин, ба масъулини Комиссияи буҷетӣ ҷиҳати таъмини Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз 1 июл баланд бардоштани 20% музди маоши як қатор соҳаҳо ва стипендияву нафақа ва саривақт пардохт намудани музди меҳнат супоришҳо дода шуд.
Дар шаҳр ҷиҳати омода гардидан ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 корҳо бо маром ҷараён дошта, то ба имрӯз наздик ба 60% ангишту ҳезум дар ҳамаи соҳаҳо захира гардидааст. Ҷиҳати ҳар чӣ зудтар захира намудани ангишту ҳезум ва дигар маводҳои зарурӣ барои мавсими тирамоҳу зимистон ба масъулин дастур дода шуд.