22 Июл 2023
Имрӯз, 22.07.2023 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони шаҳраки Адрасмон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба захираи дусолаи маводи озуқаворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.
Гурӯҳи таблиғотӣ дар ҳайати муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, и.в. мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова ва раиси ҷамоати шаҳрак Сарҳад Баротзода бо сокинон вохӯрда, аз рафти захираи маводҳои озуқаворӣ барои давраи зимистон ва захираи маводҳои озуқавории зарурӣ барои то ду сол дидан карда, суҳбат намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар шароити кунунӣ чӣ гунае, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, бояд ҳар як оила барои то ду сол захираи маводи озуқаворӣ дошта бошад. Бинобар ин, зарур аст, ки бо самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлегӣ ва дигар имкониятҳо маводҳои озуқавории дусоларо бояд захира намоем.
Сокинон, иброз доштанд, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода карда, аз ҳосилҳои рӯёнида барои худ маводҳои зарурӣ захира намуда истодаанд.