Матни равон

Санаи 03.08.2023 дар толори қасри фарҳанги шаҳраки Адрасмон вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон доир гардид.

Ҳамчунин, дар вохӯрии мазкур, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров ва мудири филиали КВД БА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Беҳрӯз Ҷалолзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода вохӯриро оғоз намуда, такид дошт, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони вилояти Суғд, даъвати шашум бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ ба нақша гирифта шуда, вохӯрии имрӯзаи мо дар ин замина баргузор гардида истодааст.

Зикр карда шуд, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир, раванди ташаккулёбии вазъият нишон медиҳад, ки густариши зуҳуроти терроризму экстремизм дар як қатор кишварҳо, ба амният ва суботу оромии минтақа ва ҷаҳон таҳдид эҷод менамояд. Яъне экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср маънидод карда мешавад.

Терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, зоҳир мегардад.

Таърихи инсоният гувоҳи он мебошад, ки терроризм ва экстремизм ҳанӯз аз замонҳои қадим вуҷуд доштанд ва дар шаклу усулҳои гуногун содир мешуданд. Дар охири асри ХХ дар қатори дигар мушкилот, терроризм ва экстремизм ба зуҳуроти хатарноки умумибашарӣ табдил ёфтанд.

Таъкид карда шуд, ки чунин хатарҳои мудҳишу манфурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ҳамасола зимни ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар аз оқибатҳои номусоиду даҳшатовари экстремизм ва терроризм, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон содир мегарданд, бо нигаронӣ ёдовар мешаванд ва баҳри мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок дидгоҳу назар ва афкору андешаҳои аз назари илмиву амалӣ асосноки хешро баён месозанд. Ҳамзамон баҳри ҳифзу таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти давлатӣ, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Ҷиҳати пешгирии ин падидаҳои номатлуб соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, дар Осиёи Марказӣ Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020 қабул намуд. дар тӯли 5 соли фаъолият Стретегияи мазкур дар пешгирии ин падидаҳои саҳми арзанда гузош ва лозим дониста шуд, ки он барои 5 соли дигар қабул гардад. Ҳаминтавр бо таҳрири нав Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз 1 июни соли 2021, №187 ба тасвиб расид.

Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқоти тарғиботӣ мебаранд.

Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуи пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.

Доир ба пешгирии ин зуҳуротҳои номатлуб ба масъулин дастур дода шуд, ки дар байни сокинон корҳои тарғиботиро тақвият бахшанд.

Ҳамчунин, дар вохӯрии мазкур доир ба иҷрои саривақтии нақшаи даъвати баҳорӣ ва тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд.

Дар фарҷом сокинон пешниҳодҳо манзур намуданд ва изҳор доштанд, ки барои иҷрои супоришҳои зикршуда сарҷамъона кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Сипас, интихобкунандагон доир ба масъалаҳои дар шаҳрак мавҷуд буда саволу, дархосту пешниҳодҳо манзур намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:678
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1357
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8192
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:59329
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8268841

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?