Матни равон

Имрӯз, 09.09.2023 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр чорабинии тантанавӣ ба муносибати 32-юмин солгарди Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Чорабинии тантанавӣ бо ба толор даровардани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Нахуст, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода иштирокдорони сорабиниро аз номи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ муборакбод намуд.

Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ба самъи иштирокдорон расонид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирокдоронро бо 32-юмин солгарди Ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфт.

Зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: “Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад”.

Бинобар ин, дар ин рӯз моро мебояд, ки бори дигар аз доштани Истиқлолу озодӣ шукрона намоем, бурду бохтҳои гузаштаамонро пеши назар орем, таҳлили муқосиа кунем ва барои ояндаи дурахшон нақшаҳои мушаххасро роҳандозӣ намоем.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ба дастовардаи кишвар ба кору пайкори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ доранд. Баҳри таъмини рушди босуботи кишвар бо ташаббуи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии кишвар  - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ,  ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар давра ба давра эълон карда шуда, марҳила ба марҳила мо ба ҳадафҳои стратегӣ ноил гардида истодаем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муносибати таҷлили 32-солагии Итсиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки: “Ман ба нангу номуси миллӣ, азму иродаи қавӣ ва кӯшишу талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон ва махсусан, ҷавонони ватандӯсту ғаюри он эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда кишвари азизамонро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро неруманду пешрафта мегардонем, нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем”.

Изҳори итминони карда шуд, ки сокинони саодатманди шаҳри Гулистон ба ин эътимоди Сарвари давлат сазовор буда, ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд ва мо ҳама якҷоя як гӯшаи зебоманзари Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо хоҳем кард.

Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба як қатор собиқадорону фаъолон мукофоти давлатӣ – медали Хизмати шоиста ва медали Шафқат, Ифтихорномаи Мақомоти ҷироияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳои ватандӯстонаву рӯҳнавоз табъи иштирокчиёнро болида гардониданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:177
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3125
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3302
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26395
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:86752
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:109821
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7122647

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?