22 Сентябр 2023
Дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорон хабар гирифт.
Раиси вилоят ба манзили Сафаралӣ Турсунови 95 сола ва Қамбаралӣ Мадюнусови 75 сола омада, бо пирони рӯзгорд суҳбат намуд. Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои собиқадорон, ки солҳои зиёд дар соҳаи геология кор кардаанд, ёдовар шуда, ба онҳо саломативу тандурустӣ орзӯ кард.
Бояд қайд кард, ки шахсиятҳои барнодил маблағҳои барои адои ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои ободонии диёр — мумфаршкунии роҳи Адрасмон-Гулистон супорида, барои бартарафсозии мушкили ҷомеа саҳм гузоштанд.
Таъкид карда шуд, ки шахсиятҳое, ки барои халқу давлат хизмат кардаанд зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумат қарор доранд.