Матни равон

Имрӯз, 10.10.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Муассисаи ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” вохӯрӣ таҳти унвони “Хурофоту бегонапарастиро маҳкум менамоем” ва вусъати даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯён баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Миркамолов Маҳкам намояндаи Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раҳимова Хайринисо собиқадори соҳаи фарҳанг иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки хурофотпарастӣ ва ё хурофотзадагӣ ҷузъи рафтории қишрҳоест, ки ба  бунбасти тафаккури танг ва худшефтагии таассубвор гирифтор шуда, бо мушкилтарошӣ ва монеаэҷодкунии сунъӣ ва сохта ҳаракати ҷомеаро бозмедоранд. Аз лиҳози мантиқӣ, «хурофот» маънои эътиқоди шахшуда ва одатшудаи дурӯғин мебошад, ки дорандаҳои ин тарзи бархӯрдро ба мавқеъгириҳои гӯё «ҳақбаҷонибона» муттаҳид кардааст. Яксӯбинӣ хислати афроди хурофотпараст аст, ки дорандаҳои ин хусусияти зишти рафториро  дар ботлоқи андешаи ботил ва амали нораво андохта, маҷоли пешравиро ба онҳо намедиҳад.

Бояд дар назар дошт, ки хурофоту хурофтпарастӣ аз мавқеи дини мубини Ислом шадидан маҳкум шудааст. Хурофот андешаву ақидаест, ки на асоси динӣ дорад ва на асоси илмӣ. Як бовару хаёли кӯркӯрона асту халос.

Ҳамчунин, доир ба пешгирии бегонапарастӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2898
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19957
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53260
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8561694

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?