Матни равон

Соҳибкорони гиромӣ!

Ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамасола дар ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад, кулли соҳибкорони шаҳрро табрику таҳният гуфта, бароятон муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хусусан дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ислоҳоти куллиро мунтазам амалӣ намуда, имрузҳо натиҷаҳои назаррас дода истодааст.

Дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, чор маротиба, аз ҷумла соли 2022 ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, мораторий эълон гардид.

Лозим ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26  декабри соли 2018 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” ва бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ солҳои 2022-2026 яъно то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд.

Вобаста ба ин барои соҳибкорон имконияти васеъ фароҳам омадааст, ки ҷиҳати сохтани корхонаҳои саноатӣ ва саҳм гузоштан дар иҷрои ин тадбири муҳими созанда барои Ватан саҳмгузор бошанд.

Боиси хушнудист, ки дар шаҳри Гулистон теъдоди зиёди соҳбкорон фаъолият менамоянд, ки саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр назаррас аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои заминаи мусоид фароҳам овардан ба соҳибкорон кӯшиш менамояд ва дар ин самт аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.

Рӯзи соҳибкорон муборак бод!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2894
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19953
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53256
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8561690

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?