10 Ноябр 2023
Санаи 09.11.2023 дар толори тарабхонаи "Манижа" Рӯзи кормандони милитсия бо иштироки собиқадорон ва кормандони соҳа бошукӯҳ таҷлил карда шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ милитсияи тоҷик доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои неки ин ниҳоди муҳими давлатиро садоқатмандона идома медиҳад.
Дар давоми беш аз як асри мавҷудияти худ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар сафи аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ будаанд.
Намояндагони матиниродаи милитсия барои ҳифзи Ватан дар мубориза бо душманони дохилию хориҷӣ дар оғози ташкил ва барқароршавии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар ҳизи сохти конститутсионӣ мардонагӣ ва матонат нишон додаанд.
Имрӯз дар назди кормандони милитсия боз ҳам вазифаҳои муҳим истодаанд. Ҳифзи ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои шаҳрвандон, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводхои мухаддир самтҳои афзалиятноки фаъолияти онҳо мебошад.
Пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки он низ ба сатҳу сифати фаъолияти шумо ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматиатон иртиботи бевосита дорад. Маҳз, шумо дар набарди пеши мубориза бо ҷинояткорӣ қарор доред ва ҳамарӯза ҷони худро дар хатар гузошта, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва волоияти қонунро ҳифз менамоед.
Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба як қатор кормандони соҳа рутбаҳои нави хизматӣ ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.