05 Декабр 2023
Санаи 05.12.2023 дар толоти МДТИ-и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзӣ байналмиллалии волонтёрон дар мавзӯи “Волонтёрӣ шараф аст”, ҳамоишӣ идона баргузор гардид, ки дар он мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ва директори МДТИ-и шаҳри Гулистон Эмомалӣ Бобоев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов оғоз намуда, доир ба фаъолияти волонтёрӣ, ки мактаби бузурги худташаккулдиҳӣ ва фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, суханронӣ намуд.
Сипас директори МДТИ-и шаҳр Эмомалӣ Бобоев дар мавзӯи зикргардида суханронӣ намуд.
Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки мактаби волонтёрӣ ба дарахте шабоҳат дорад, ки меваҳояш ҷавонони фаъолу донишманд, накукору хайрхоҳ ва пешбарандаву ояндаи Ватани азиз мебошанд. Дар ҳақиқат сафи волонтёронро беҳтарин ҷавонони фаъолу ташаббускор фаро гирифтааст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, дӯстиву рафоқат ва самимияту меҳрубонӣ нисбати якдигар, рӯз аз рӯз дар ободию шукуфоии кишварамон саҳми назаррас мегузоранд.
Мо-ҷавонон ҳамчун пайравони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоем, ки дар ободиву пешравии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо гузорем.
Дар воқеъ, мо – ҷавонони кишвар хушбахттарин наслем, ки дар фазои сулҳу субот таҳти сарварӣ ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ ва кору фаъолият дорем.
Дар хотимаи ҳамоиш ба як гурӯҳ волонтёрон ва ҷавонони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар вазияти тантанавӣ супорида шуд.