06 Декабр 2023
Санаи 04.12.2023, дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Гулистон ва Истаравшан баргузор гардид.
Зикр кардар ба маврид аст, ки дар мусобиқаи мазкур дастаҳои ғолиби марҳилаи дуюми шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба даври сеюм роҳхат пайдо намуда, иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, шоҳмоту шашка ва гӯштини миллӣ байни деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои кишвар дар чор марҳила роҳандозӣ карда шудааст.
Соли чорум аст, ки ин икдоми мазкур рӯйи кор гирифта, ҳамаи табақаи ҷомеа, хосатан наврасону ҷавонон ба варзиш ҷалб карда мешаванд.
Мусобиқаи мазкур тӯли 4 рӯз баргузор гардида, футболблзонӣ ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон дар даври ниҳоӣ бо футболбозонӣ шаҳри Истаравшан рақобат намуда сазоворӣ ҷойи дуюм гардиданд.