28 Декабр 2023
Имрӯз, 28.12.2023 дар шаҳри Гулистон тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид ба роҳ монда шуд.
Аз ҷумла дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр, толори шабакаҳои барқӣ, муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф, ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоати шаҳракҳо ва корхонаву муассисаҳо бо фарогирии оммавии кормандони соҳаҳои гуногун Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври мустақим тамошо намуданд.