06 Январ 2024
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмӯъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад. Нуктаи муҳим ин аст, ки неругоҳҳои зикршуда баъди азнавсозӣ ба мардуми Тоҷикистон боз даҳсолаҳои дигар хизмат хоҳанд кард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо корҳои таҷдиди нерӯгоҳи «Қайроққум» таваҷҷуҳи масъулинро ба иҷрои босифати корҳо ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуд.
Зимни боздиди роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки корҳои таҷдиду навсозӣ дар ин иншооти муҳими энергетикӣ мувофиқи нақша пеш меравад ва дар муҳлати пешбинишуда ҳадафҳои созанда дар амал татбиқ мешавад.
Бояд гуфт, ки НБО «Қайроққум» дорои шаш агрегат буда, корҳои сохтмонии он соли 1952 оғоз гардидаанд. Агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Иншооти гидроэнергетикӣ аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намуда, бо сабаби фаъолияти беш аз нимасра таҷҳизоти неругоҳ кӯҳнаю фарсуда гардида, зарурати таҷдид ва навсозии онро ба миён овард.
Лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб амалӣ гардида истодааст.