Матни равон

Шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон дар озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ соҳиби ҷойи якум гардид.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ озмун рӯзи 12 январ ҷамъбаст гардида, ғолибонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вимпелу диплом ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонидаанд.

Гуфта мешавад, ҳзмуни мазкур ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ доир гардидааст.

Тибқи ин озмун дар бахши “Ноҳияи беҳтарин” - ноҳияи Айнӣ мақоми аввал ва соҳиби 10 000 сомонӣ, Ашт ҷойи дуюм ва 6000 сомонӣ ва Мастчоҳ мақоми сеюм ва соҳиби 3000 сомонӣ ғолиб дониста шуданд.

Дар бахши “Шаҳри беҳтарин” бошад, шаҳри Хуҷанд (ҷойи якум ва 10 000 сомонӣ), Истаравшан (ҷойи дуюм ва 6000 сомонӣ) ва Истиқлол (ҷойи сеюм ва 3000 сомонӣ) ғолиб эълон карда шудаанд.

Дар рӯйхати сегонаи беҳтаринҳои шаҳракҳо шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон (ҷойи якум), шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ (ҷойи дуюм) ва шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара (ҷойи сеюм) аз беҳтаринҳо арзёбӣ гардиданд.

Дар бахши «Хонаи истиқоматии беҳтарин» ҷойи якум ва 6000 сомонӣ ба хонаи истиқоматии Муҳаммадмусо Қосимов, сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғауфров, ҷойи дуюм ва 4000 сомонӣ ба хонаи истиқоматии Мазбут Бойҷонов, сокини шаҳри Истаравшан ва ҷойи сеюм ва 2000 сомонӣ ба хонаи истиқоматии Маъмур Аъзамзода, сокини шаҳри Гулистон дода шудааст.

Дар бахши «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи аввал ва 6000 сомонӣ, маҳаллаи “Ватан”-и шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи дуюм ва 4000 сомонӣ, маҳаллаи “Ҷавонон”-и шаҳри Конибодом соҳиби ҷойи сеюм ва 2000 сомонӣ шуд.

Деҳаи Зарафшони деҳоти ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Зафаробод, деҳаи Саидқалъаи деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ва деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон ғолиби бахши «Деҳаи беҳтарин» дониста шуданд.

Дар бахши «Деҳоти беҳтарин» деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент ва деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб гардиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:633
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4748
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55885
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8265397

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?