Матни равон

Санаи 26.01.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар ҷаласа, дастуру супоришҳое ки дар маҷлиси васеи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардиданд ва назорати таъмиру азнавсозии иншооти соҳаи иҷтимоӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ гардидаанд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори ҷаласаро оғоз номуда доир ба масъала якуми рӯзнома дастуру супоришҳое, ки дар маҷлиси васеи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидандро ба самъи иштирокдорон расонид.

Таъкид карда шуд, ки 24-уми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2023 мафассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2024 муайян карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияву татбиқи нақшаи чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳаҳо ва минтақаҳои кишвар, дарёфти роҳҳои пешгирӣ ва кам кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, хусусан, ҷиҳати худтаъминкунӣ бо маҳсулоти ғизоӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки мо бояд онҳоро саривақт иҷро намоем.

Дар баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа – назорати таъмиру азнавсозии иншооти соҳаи иҷтимоӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ гардидаанд. Аъзам Муротзода сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон гузориш пешниҳод намуд.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷиҳати дар муҳлати муайян ва бо сифати хуб ба анҷом расионидани корҳои таъмиру азнавсозӣ ва мақсаднок сарф намудани маблағҳои буҷетӣ ба масъулин супориш дод.

Ҳамчунин, масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:626
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4741
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55878
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8265390

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?