Матни равон

Имрӯз, 22.02.2024 тибқи барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳр рӯзия ягонаи ахбори сиёсӣ таҳти унвони "Ҳифзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост" баргузор гардид.

Тарғиботчиёни шаҳр дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Шуҳрат Алиев сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд.

Бо назардошти вазъияти ҳамонвақта ва бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи иҷтимоию сиёсӣ бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1992 роҳбарии фаврии вазорату идораҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба уҳдаи Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.

Сарвари ботадбир бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои бешумор тавонистанд, ки тамоми неруҳои солими ҷомеаро дар атрофи худ гирд оварда, Тоҷикистони навинро аз вартаи фано наҷот бахшанд.

Ин буд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ заминаҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гузошта шуданд ва пас аз ҳамагӣ 2 моҳи ба имзо расидани Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” 23 феврали соли 1993 нахустин расми гузашти низомӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, аз таъсис ва ташкили Артиши миллии Тоҷикистон башорат дод ва 23 феврал расман Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Аввалин қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бевосита аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ идома дошт ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис дода шуд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имконияти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

Чуноне ки Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарсуханронии худ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар зикр намуда буданд: “Тайи се даҳсолаи гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 10 қисми ҳарбӣ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, 24 комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва зиёда аз 100 иншооти хизматрасонии нав сохта, ба истифода супорида шуд. Дар ин давра, умуман, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат беш аз 2600 иншооту биноҳои нав бунёд карда, ба истифода супорида шуданд”.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулу такомул ва пуриқтидор намудани вазъи моддиву техникии Қувваҳои мусаллаҳ, беҳгардонии шароити будубош, таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисоси касбӣ хеле назаррас аст.

Ба итминони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ – ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат, халқи мамлакат ва касби бошарафи хеш сарбаландона иҷро менамоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:703
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4818
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55955
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8265467

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?