05 Апрел 2024
Санаи 03.04.2024, дар маркази шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи ватандӯстӣ эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони шаҳри Гулситон барои солҳои 2023-2027” 3 нафар ҷавонони ниёзманд бо маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, гречка, чой ва кулчақанд (пичени) аёдат карда шуданд.
Зимни суҳбат масъулин таъкид намуданд, ки ҷавонони ниёзманд ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо мунтазам тадбирҳои муассир андешида мешавад.