17 Апрел 2024
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли картон ва шишабарории ҶДММ "Сахо ва Ко" шинос гардид.
Дар корхонаи мазкур истеҳсоли зарфҳои шишагин ба роҳ монда шуда, маҳсулот барои нигоҳдории консерва, афшураву шарбат ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истифода мегардад. Дар ин корхона дар як моҳ ба маблағи то 400 ҳазор доллари ИМА маҳсулот истеҳсол шуда, ҳоло 115 нафар бо кор таъмин шудаанд.
Раиси вилоят барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба роҳбарияти корхона тавсияҳои судманд дод.
Дар ҳаминҷо Раиси вилоят аз коргоҳи коркарди қоғаз дидан намуд. Иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ то 20 тонна коркарди қоғазпора дар як шабонарӯз мебошад. Бояд қайд намуд, ки қоғаз ва ҳам зарфҳои шишагӣ барои истифодаи корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва аҳолии мамлакат нигаронида шудаанд, ки ин маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад.
Тавре мушоҳида гардид, заминҳои корхонаи “Сахо ва Ко” низ самаранок истифода мешаванд. Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои ҳудуди ҶДММ "Сахо ва Ко" ангур парвариш карда шуда, корхона дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссаи худро мегузорад.
Раиси вилоят ба фаъолияти корхона ва тарзи истифодаи замин баҳои баланд дода, барои зиёд намудани дастовардҳо дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.
Дар идома роҳбари вилоят сохтмони фабрикаи паррандапарварии ҶДММ "Шамс Тиҷорат" -ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Фабрикаи паррандапарварӣ дар минтақаи саноатии шаҳр сохта шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд. Раиси вилоят зимни боздид бунёди фабрикаи паррандапарвариро муҳим шуморида, барои харидории таҷҳизоти муосир ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани вазъи санитариву беҳдоштӣ супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд