Матни равон

Имрӯз, 24.04.2024 дар толори МТМУ 12 деҳаи Зарчашмаи  Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон  тибқи нақшаи муштараки сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти унвони “Таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон–василаи пешрафт ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа!”  бо иштироки шаҳрвандони деҳаи Зарчашма вохурии муфид баргузор карда шуд.

Дар кори мулоқот Шарифҷони Саидраҳмон муовини Раиси шаҳр, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Парвиз Кассиров корманди комиссари ҳарбии шаҳр, Сарҳад Баротзода раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ва Улуғбек Хоҷаев директори МТМУ №12 иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вохурии мазкур бо мақсади ҳамовозӣ бо иқдомҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ»  ва мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин ва расонидани мазмун ва муҳтавои онҳо баргузор гардид.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" 24.12.2022, №1920 қабул гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат мебошад.

Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

таъкид гардид, ки вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ин ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо. ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, ки таъриху фарҳанги ғанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос менамояд, дар тафаккури онҳо ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, талабот ба рушди минбаъдаи онҳо мебошад.

Доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” изҳор карда шуд, ки мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.

Маърифати баланди ҳуқуқӣ- ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

Дар ҳамоиш доир ба муҳтавои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин маърӯза кард шуд.

Дар поёни кори ҳамоиш таъкид карда шуд, ки ҳамаи ин тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон ҳамчун василаи пешрафт ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа ба шумор мераванд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3028
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3028
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54165
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8263677

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?