Матни равон

Дар толори қасри фарҳанги шаҳраки Адрасмони шаҳр чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи оила  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Матлуба Сатторова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси татбиқи забон дар МИҲД-и шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Замира Исматзода ва раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сарҳад Баротзода иштирок намуданд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова номаи табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба самъи иштирокдорон расонид. Зикр карда шуд, ки оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: "Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад".

Раиси Ҷамоати шаҳрак Сарҳад Баротзода низ иштирокчиён ва сокинони шаҳракро ба муносибати Рӯзи оила муборак бод гуфт.

Дар чорабинии мазкур оилаҳои намунавии шаҳраки Адрасмон иштирок намуданд.

Оилаҳои намунавӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни оиладорӣ сухан намуда таъкид намуданд, ки дар зиндагӣ сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ оиларо ба хушбахтӣ мерасонад.

Санъаткорони шаҳрак ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи рангини фарҳангиро манзури иштирокдорон намуданд.

Ба оилаҳои намунавии шаҳрак туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2059
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3224
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15672
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48975
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8557409

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?