30 Май 2024
Имрӯз, 30.05.2024 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр” Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо ғолиби олимпиадаҳои байналмиллалии "Глобус" ва "Кенгуру" мулоқот намуд.
Зимни суҳбат зикр гардид, ки таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маорифи кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин раванд, бо ҳидоятҳои фардосози Пешвои муаззами миллат Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро барои рушду инкишофи соњаи маориф дар амал татбиқ менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба аҳамияти соҳаи маориф зикр намуданд, ки: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Доир ба масъалаҳои мавҷудаи соҳа ва роҳи ҳалли онҳо таъкид гардид, ки: “Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.
Хушбахтона соли ҷорӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Аз ҷумла дар олимпиадаи байналмилалии “Кенгру”, ки аз пурнуфузтарин озмунҳои математикаи мактабӣ дар ҷаҳон аст 36 нафар ва дар олимпиадаи байналмилалии “Глобус” 14 нафар ғолибият ба даст оварда соҳиби медал ва диплом гардиданд.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода медал ва дипломҳоро ба ғолибон супорида, изҳори итминон намуд, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр минбаъд низ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.