09 Июн 2024
Санаи 07.06.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи корӣ бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок намуданд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи корӣ муовини якуми Раиси шаҳр, муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо иштирок доштанд.
Нахуст, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода аз натиҷаи фаъолият доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми майи соли 2024 баён доштанд суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ дастуру супоришҳои дар барқияи ҳукуматӣ зикгардида таҳлилу баррасӣ гардида, доир ба тақвияти корҳо дар самти вусъат бахшидани бунёд, таҷдиду азнавсозии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ба роҳ мондани васеи чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, ҷалби соҳибкорон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳо тавсияву супоришҳо дода шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода низ ба масъулин ҷиҳати тақвияти кор дар ҳама самтҳо супоришҳои мушаххас дод.