21 Июн 2024
Санаи 20 июни соли 2024 дар толори Муассисаи давлатии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” дар байни занон- хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбасти озмуни мазкур Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки мақсад аз баргузории чунин озмунҳо, ин баланд бардоштани малакаи кории занону духтарон- хизматчиёни давлатӣ мебошад. Маҳз, ғамхории пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зан –модар аст, ки имрӯзҳо дар Ватани маҳбубамон барои занон имкониятҳои хубе фароҳам оварда шуданд.
Мақсад аз баргузор намудани чунин озмунҳо, ин омода намудани кадрҳои баландихтисос барои тамоми соҳаҳои мамлакат аз ҳисоби занону бонувон мебошад ва озмуни мазкур дар муддати 7 сол дар мамлакат баргузор мегардад.
Довталабон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, аз рӯйи се зинаи синнусолии хизмати давлатӣ ғолибон муайян гардида бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Аз ҷумла Дилрабо Каримӣ мудири шуъбаи маорифи шаҳр дар байни хизматчиёни давлатӣ, ки аз 2 то 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд сазовори мақоми аввал ва Маҳбуба Шодизода дар байни хизматчиёни давлатӣ, ки зиёда аз 10 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд сазовори мақоми сеюм гардида, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтанд.
Ҳамчунин, Нигина Қобилова корманди Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон барои иштироки фаъолона бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.