20 Июн 2024
Ҷиҳати иҷрои барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 28 майи соли 2024, №282-5/5тф оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030” даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ” аз ҳисоби занон тибқи Низомнома ташкил ва баргузор гардида буд.
Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ” аз ҳисоби занон 12 нафар тибқи Низомнома аз рӯйи се зинаи синнусоли хизмати давлатӣ миёни ҳам рақобат намуда, дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун ғолибон муайян гардида ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии ғолибони Озмун тибқи амри Раиси шаҳр ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода диплом ва туҳфаҳоро ба ғолибон супорида, аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастгирии занону бонувон ёдовар шуда, ба ғолибони даври шаҳрӣ дар даврҳои минбаъда комёбӣ таманно намуд.