26 Июн 2024
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, санаи 24.06.2024, ба ифтихорӣ таҷлили 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон мизи мудаввар таҳти унвонӣ "Ваҳдат - сарчашмаи сулҳу суботи кишвар" бо собиқадорон, кормандон ва фаъолони ҷамоат, ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҳамзамон, Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Абдураҳмонов Аҳлиддин, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Боқиев Рустам, мудири бахши кор бо занон ва оила Сатторова Матлуба, раиси ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон Наргиза Бердиева ва як гурӯҳ собиқадорони ҷамоати мазкур иштирок ва суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки бисту ҳафт сол муқаддам, санаи сарнавиштсози халқу миллати тоҷик - Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро расид. Ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997-ум ба вуқӯъ пайваст, барҳақ, воқеаи таърихиву тақдирсоз на танҳо барои сокинони кишвар, балки барои кулли ҳаммиллатони бурунмарзиамон низ буд, ки Тоҷикистонро хонаи умеди худ хондаанд.
Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии мардум дар саросари кишвари маҳбубамон буда, тоҷикистониёнро ба мафкураи ягонагӣ, бародариву баробарӣ сарҷамъ кардааст. Маҳз барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ нақши асосиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихии миллати тоҷик иҷро намудаанд, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштаанд.
Ҳамзамон, дар рафти мулоқот аз дастовардҳо ва бурду бохти даврони соҳибистиқлоли ёдовар шуда, таъкид карда шуд, ки бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузори карда, ин неъмати олӣ - ҳам-зистиву осоиштагии миллиро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт намуда, барои бо дастовардҳои назаррас ва шоён истиқбол намудани ҷашни ҳумоюни миллӣ ва таърихии 35 солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ҷидду ҷаҳд намоянд.
Дар фарҷоми чорабини, собиқадори меҳнат ва фаъоли ҷомеаи шаҳрванди барои баргузории чунин як вохурии муфид ва саривақтӣ изҳори сипосмандӣ намуда, таъкид дошт, ки мо собиқадорон ва кулли шаҳрвандони ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон аз он шукргузор ҳастем, ки дар чунин фазои сулҳу субот, Ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамзистӣ ва зери сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият ва зиндагии босаодат дорем.