26 Июн 2024
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП-479 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 26.02.2024, №48 “дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” санаи 22.06.2024 дар толори Кохи “Суғдиён” ва Арт-галереяи шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менмоянд баргузор гардид.
Дар даври вилоятии озмуни мазкур аз шаҳри Гулистон 33 нафар ғолибони даври шаҳрӣ аз рӯйи чор наминатсия сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ, дизайни мӯд ва бофандагӣ иштирок намуданд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти Озмун 5 нафар аз шаҳри Гулистон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Фархунда Эркаева аз рӯйи номинатсияи ороиши амалӣ дар зинаи синну соли аз 18 то 35 сола сазовори ҷойи дуюм, Насиба Қурбонова аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ дар зинаи синну соли аз 12 то 17 сола сазовори ҷойи дуюм, Раҷабҷон Эркаев аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ дар зинаи синну соли аз 18 то 35 сола сазовори ҷойи сеюм, Фарзона Амонова аз рӯйи номинатсияи дизайнери мӯд дар зинаи синну соли аз 12 то 17 сола сазовори ҷойи сеюм ва Аниса Ҷӯраева аз рӯйи номинатсияи дизайнери мӯд дар зинаи синну соли аз 18 то 35 сола сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ин дастоварди шоёнро ба аҳли фарҳанги шаҳр муборакбод гуфта, ба ғолибони даври вилоятӣ дар даври ниҳоии озмун комёбиро таманно менамояд.