24 Июл 2024
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати таъмини бештари сокинон бо оби нӯшокӣ аз буҷети маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида насоси обкашӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ карда шуд.
Дар қисми даромадгоҳи шаҳр корҳои васлу насбсозии насоси обкашии қутраш 125х80 ва васли 150 метр лулаҳои обгузари қутраш 150, 380 метр ноқили барқии қутраш 95 аз ҷониби Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ идома дорад. Корҳои васлу насб дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дошта, бо ба кор даромадани насоси обкашии мазкур дар чоҳи амудии воқеъ дар даромадгоҳи шаҳр вазъи таъмини сокинони маркази шаҳр бо оби нӯшокӣ беҳ мегардад.