25 Июл 2024
Санаи 24.07.2024 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз муассисаҳои таълимӣ ва тиббии ҷамоати шаҳракҳои Чоруқдаррон ва Консой ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониши 2024-2025, пурра аз таъмир баровардани муассиса, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ таъмири синфхонаҳо пурра ба анҷом расида, дар гирду атрофи муассисаҳо низ корҳои ободонӣ ба ба роҳ монда шуд. Муассисаҳои таълимӣ барои қабули хонандагон ба соли нави хониши 2024-2025 омода мебошанд. Сару либоси хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби ҶДММ “Маҳина” ва ҶСК "Равшан" омода гардида, волидайн ҳамарӯза аз коргоҳҳои дӯзандагӣ сарулибоси хонандагонро дастрас намуда истодаанд. Дар муассисҳо барои зимистонгузаронӣ ангишт, ҳезум ва сӯзишвориро ба қадри зарурӣ захира карда шудааст.
Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва макони нигоҳдории маводҳои зарурӣ барои зимистонгузаронӣ дидан намуда, ба масъулини муассисаҳо таъкид намуд, ки ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба соли нави хониш, таъмини пурраи хонандагон бо сарулибоси мактабӣ ва зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.