03 Август 2024
Санаи 2-юми августи соли 2024 бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷаласаи корӣ доир ба гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори машварат муовин, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, сардорони раёсатҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо ва комиссари ҳарбӣ ширкат намуданд.
Машварат бо сухани ифтитоҳи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода оғоз гардида, қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ-Пешвои миллат, Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд.
Сипас, комиссари ҳарбии шаҳр Хайрулло Сатторзода оид ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997- 2006 ба хизмати ҳарбӣ” гузориш дод.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода масъулинро барои дар сатҳи баланд гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор намуд.