10 Август 2024
Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Аз шаҳри Гулистон низ масъулини шаҳрдорӣ дар намоиш иштирок намуда, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти нониву қаннодиро ба намоиш гузоштанд.
Ин тадбири муҳим, ки бо иқдому ташаббуси бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев амалӣ шуд, дар густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва пайдо намудани шарикони ҳамкор заминаи мусоидро фароҳам оварда, дар афзоиши минбаъдаи гардиши савдои хориҷии ду мамлакат, ки шарики старатегӣ ҳастанд, нақши бориз хоҳад гузошт.
Ба муносибати ташкили Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли санъату ҳунар бо пешниҳоди барномаи мукаммали консертӣ ва саҳнаҳои театркунонидашуда, ки дӯстию рафоқатро таҷассум мекард, хотири сокинону меҳмонони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистонро болида намуданд.