Матни равон

Санаи дар таърих сабтшуда, ки  ҳамасола 18-уми август  Рӯзи кормандони соҳаи тиб мебошад,  кулли табибон  ва собиқадорони соҳа, ҳозиқон ва шогирдони онҳоро ба муносибати иди касбиашон сидқан шодбош гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом, хотирҷамъии доимӣ, саодати рӯзгор ва иқболи баланд таманно менамоям.

Боиси таъкид аст, ки Иди касбии табибон ҳамасола дар рӯзи мавлуди фарзанди барӯманди халқи тоҷик, олими олии сатҳи ҷаҳонӣ,  Абӯалӣ ибни Сино ва дар арафаи омодагиҳо ба истиқболи Рӯзи истиқлоли давлатии кишвар таҷлил гардида, аз дастоварду тозакориҳои нав ба нави соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Ватани маҳбубамон паём мерасонад.

Ҳамасала бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, ҷиҳати маблағгузории соҳа, таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштаии сифати хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар навбати худ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи табибон беҳтар ва дараҷаи хизматрасонӣ баланд бардошта шавад.

Итминони комил дорам, ки кормандони муассисаҳои тиб дастовардҳои хешро муттасил афзун намуда, баҳри солимии ҳар сокини диёр ва ояндаи нек, бахусус бо фаро гирифтани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.

Бори дигар, тамоми табибон,  ҳозиқонро алалхусус табибону кормандони соҳаи тибби шаҳри Гулистонро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфта,  дар фаъолияти ҳамарӯзаашон комёбиҳои беназир ва дар ҳаёти шахсӣ бахту саодат таманно дорам.

Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборак!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1039
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1187
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15847
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11288
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49382
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8150699

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?