17 Август 2024
Имрӯз, 17.08.2024 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода афсарону сарбозони қисми ҳарбиро ба ин муносибат муборак бод намуда, зимни суханронӣ таъкид намуд, ки айни замон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, дар бобати омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда замони осоишта ва ҷанг роҳбарии сиёсати ягонаи давлатиро анҷом дода, тамоми маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва экологӣ, садамаҳои калони истеҳсолӣ, фалокатҳо нигаронида шудаанд, инчунин ҳангоми аз ҷониби душман истифода гардидани воситаҳои ҳозиразамони зарба сар мезананд, амалӣ ва ҳамоҳанг месозад. Кумита сохтори ҳарбӣ буда, ба он тамоми ҳуқуқҳо, меъёрҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо қабул шудаанд, татбиқ мегардад.
Ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо ҳисси баланди масъулият ҳамеша дар ҳолати омодагӣ қарор дошта, дар лаҳзаҳои мушкилтарин ба имдоду наҷоти мардум мешитобанд ва мардум низ ба онҳо эътимоди комил доранд.
Ҳайати шахсии қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ бо масъулият дар ҷараёни фаъолияти корӣ дар бисёр корҳои бартарафсозии оқибатҳои садамаҳо ва офатҳои табиии рухдода дар тули солҳо фаъолона ва бо маҳорати баланди касбӣ иштирок намудаанд.
Сипас, дар маросими тантанавӣ як қатор афсарону сарбозон бо рутбаи нави ҳарбӣ ва сипосноваву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, гузашти низомии афсарону сарбозон ба роҳ монда шуд.
Дар ин рӯз барои сарбозон дастархони идона ороста шуд ва ҳамчунин аз ҷониби санъаткорон баҳри болидахотирии онҳо барномаи рангини фарҳангӣ манзур карда шуд.