16 Август 2024
Бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадорону кормандони соҳаи тибро бо иди касбияшон муборак бод намуд. Зимни суханронӣ зикр гардид, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми беш се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбариву раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳтишиори «Солимии миллат боигарии давлат» ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст.
Дар шаҳр 33 адад муассисаҳои соҳаи тандурустӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла: 7 адад марказҳои саломатӣ, 6 беморхона, 5 осоишгоҳ, 3 адад бунгоҳи тиббӣ, 1 адади маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ, як адад умури безараргардонӣ, маркази ташхисиву табобатии “Закариёи Розӣ”, маркази тиббӣ - хусусӣ “Сино”, 6 марказҳои махсусгардонидашуда, як коллеҷи тиббӣ ва 1 адад стансияи ёрии таъҷилӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.
Теъдоди табибон 103 нафар ва теъдоди кормандони миёнаи тиб 336 нафар мебошад.
Дар муассисаҳои тиббии шаҳр як нафар номзади илми тиб, 16 нафар дорандагони нишонаи сарисинагии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандаи медали шафқат, 1 нафар медали хизмати шоиста фаъолият менамоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани шароити кору хизматрасони баҳри таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тандурустии шаҳр аз буҷети маҳаллӣ маблаѓҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тиббӣ зина ба зина гузаронида шуда, ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти аввалиндараҷаи тиббӣ таъмин мебошанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд.
Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба як қатор кормандони соҳаи тиб нишони сарисинагии “Аълочии тандурустим Тоҷикистон” ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиро манзури иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.