26 Август 2024
Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон пас аз ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов 3 нафар собиқадорони меҳнат
Мамиров Пардабой, Сулаймонов Имомалӣ ва Фозилов Қулматро аёдат намуданд. Собиқадорон солҳои зиёд дар Комбинати маъдантозакунии Адрасмон фаъолияти пурсамари меҳнатӣ намудаанд.
Собиқадорон бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои сулҳу суботи кишвар баҳри боз ҳам гул-гулгукуфоии кишвари азизамон дасти дуо бардоштанд.
Ба собиқадорон кумакҳои молӣ ва моддии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.