Матни равон

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ФИҶТ дар шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими  ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 22 августи соли 2024 дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарё шаҳри Гулистон бо ҷалби сокинон мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, Сатторова Матлуба мудири бахши занон ва оила ва Шоназаров Абдумалик мудири бахши муҳоҷират иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, танзими  ҷашну маросим, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани назди биноҳои истиқоматӣ  ва ғайраҳо суханронӣ карда шуд.

Зикр карда шуд, ки воқеан, терроризм ва тахрибкорӣ дар замони муосир силоҳе дар дасти қудратҳои ҷаҳонӣ гардида, бегуфтугӯ, мо аз рӯйдодҳои солҳои охир баръало мушоҳида мекунем, ки қудратҳои асосӣ тавассути истифода аз терроризми байналмилалӣ мехоҳанд ҳадафҳои геосиёсии хешро дар дилхоҳ минтақа роҳандозӣ кунанд. Бинобар ин, ин тамоюли тавсеаёфта аз ҷониби абарқудратҳо маблағгузорӣ шуда, илова бар он дар паҳншавии он саҳми қудратҳои ҷаҳонӣ ба назар мерасад.

Дар фарҷоми мулоқот байни иштирокдорону даъватшудагон суҳбати озод дар мавзӯъҳои марбут сурат гирифт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1726
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17072
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41075
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199830

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?