28 Август 2024
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли як қатор собиқадорони соҳаи маориф, ки умри бобаракати худро сарфи таълиму тарбия намуданд, хабар гирифт.
Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон ба дидорбинии Дилбар Рустамова ва Муборак Ҳамробоева рафта, бо собиқадорони соҳаи маориф суҳбати самимӣ анҷом дод. Қайд гардид, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, ҳамасола садҳо иншооти соҳа бунёду ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон, маоши кормандони соҳаи маориф низ марҳила ба марҳила зиёд шуда истодааст ва аҳли маориф барои тарбияи насли наврас саҳми шоиста мегузоранд. Давлату Ҳукумат хизматҳои собиқадоронро ҳамеша қард мекунад. Зеро онҳо дар пешбурди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия саҳми муносиб гузоштаанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд