Матни равон

Санаи 3 сентябои соли 2024 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони  шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Гулистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ-пойдевори давлати мутамаддин” бо иштироки ҷавонон, собиқадорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳраки Чоруқдаррон баргузор гардид.

Нахуст мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов кори Конференсияро оғоз намуд.

Дар Конференсия мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши занон ва оила Матлуба Сатторова, мудири бахши муҳоҷират Шоназарзода Абдумалик, раиси Ҷамоати Чоруқдаррон Наргиса Бердиева, собиқадорони меҳнат Султонов Отаҷон ва Қаюмова Мавлуда суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки  воқеан ҳам дар таърихи ҳар халқу миллат санаҳое тақдирсозе мавҷуданд, ки дар пешрафту рушди минбаъдаи он нақши бориз доранд. Аз ҷумла, барои миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо низ вожаҳое, монанди Истиқлолу Ваҳдати миллӣ бисёр азизу муқаддасанд, ки онҳо дар даврони навини давлатдории миллӣ ба тараққиёти кишвари маҳбуби мо таъсири амиқ гузоштаанд. Баробари ба забон овардани ин калимаҳо ҳар як фарди ватандӯстро изтиробу ҳаяҷони саршор аз ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватанпарастӣ фаро мегирад, зеро дар ин вожаҳо ормонҳои ҳазорсолаи халқи куҳанбунёди мо таҷассум ёфтаанд. Мардуми соҳибтамаддуни тоҷик дар роҳи расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҷодаҳои гарони таърихи хунинро паси сар кардаву дар ивази ҷонфидоиҳои фарзандони фарзонаи бонангу номуси миллат танҳо бо гузашти ҳазор соли таҳаммули ҳама ҷабрҳои таърих онҳоро ба даст овардаанд.

Даврони Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардои миллати хеш ва пешафту таҳаввули минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.  Дар робита ба ин, Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлол сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонд. Маҳз Истиқлол меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ғояву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлол, ин ба арсаи сиёсат ворид гардидани фарзанди барӯманди ин сарзамин Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ робитаи қавӣ доранд. Аз лаҳзаҳои аввали сарвари давлат интихоб гардидани ин сиёсатмадори хирадманду дурбин асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҷорӣ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ҳамзамон дар мамлакат яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфт, ки дар натиҷа ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлат таҳти назорати доимӣ қарор дода шуд.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву ду сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, ба шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Таърихи Истиқлоли давлатии мо, руҳияи безаволи он дар асарҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пажуҳишҳои илмӣ хеле дақиқу возеҳ баён гардидаанд. Хушбахтона, бо ҳукми таърих ва замон дарёфтани лаҳзаҳои беназири тақдирсози миллати бузургманиши тоҷик насиби насли хуштолеи имрӯз гардидааст. Муҷиби саодатмандист, ки мо шоҳиди на танҳо ин зуҳуроти таърихӣ ҳастем, балки худ дар бунёди давлати навини тоҷикон ширкат дорем ва имконият дорем, ки саҳми боризи хешро дар роҳи бунёди ҷомеаи мутамаддин гузорем. Пас ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки дар таҳкими арзишҳои Истиқлоли миллӣ собитқадамона заҳмат кашад ва барои пешрафти ҷомеаи ободу осуда саҳми арзандаи хешро гузорад.

Дар фарҷоми конференсияи мазкур собиқадорони меҳнат бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдони гардида, иштирокдорон аз баргузории чунинин як чорабинии муҳим изҳори сипосмандӣ намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:718
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1387
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9587
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9422
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13223
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8171978

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?