05 Сентябр 2024
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати баланд бардоштани тафаккур ва қобилияти зеҳнии ҷавонону наврасон, дар шаҳри Гулистон тадбирҳои зарурӣ ва муассир андешида шудааст.
Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо фаргири тамоми муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди корбари қарор гирифтааст. Бо ҳамин мақсад, санаи 03.09.2024, дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон байни наврасону ҷавонон ва сокинони синну соли гуногун мусобиқа, аз рӯйи намуди варзишӣ зеҳнии "Шашка ва шоҳмотбозӣ беҳтарин", бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд. Ҳамчунин, дар назар аст, ки чунин мусобиқаҳо дар миқёси шаҳр бо ҷалб ва фарогирии ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ва сокикони шаҳр баргузор карда шаванд. Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо пеш аз ҳама ин баланд бардоштани тафаккур ва қобилияти зеҳнии ҷавонону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави варзиш, дар соҳаи шашка ва шоҳмот, таъсис додани дастаҳои шаҳр барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи тундрав маҳсуб ёфта, дар ин баробар омода намудани ҷавонону наврасон барои иштирок, дар давраҳои минбаъдаи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат мебошад.