05 Сентябр 2024
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шудаистодааст.
Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намуда истодаанд. Бо ҳамин мақсад санаи 04.09.2024, дар майдони варзишии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон мусобиқаи мазкур оғоз гардид. Масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳмонда, тарзи ҳаёти солим ва рӯҳияи солимро дар байни сокинони касбу кори гуногун рушд медиҳанд.