Матни равон

Дар толори хурди Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ба фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр бахшида ба 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок намуданд.

Директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода иштирокдоронро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати солгарди Истиқлоли давлатӣ ва ноил гардидан ба мукофоти давлатӣ муборакбод намуд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ҳамаи иштирокдоронро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати Ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ 33-солагии Истиқлоли давлатӣ муборакбод намуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҳозиринро ба муносибати фарорасии 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, зикр намуд, ки имрӯзҳо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлоли кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Дар тӯли 33 соли соҳибистиқлолӣ шаҳри Гулистон ба бисёр дастовардҳои бузург ноил гардида, симои худро ба куллӣ дигаргун намудааст. Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Гулистон 175 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 148 адад иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки 84,5 фоизи нақшаро дар бар мегирад ва дар иҷрои ин нақшаҳо ва дигар корҳои ободониву созандагӣ саҳми соҳибкорону сокинон ва фаъолони шаҳр назаррас аст.

Изҳори итминон карда шуд, ки фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр муроҷиат ва таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ки дар Паёми навбатии худ баён намуда буданд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.

Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем.

Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам” сармашқи кори худ қарор дода, дода бо заҳмати фидокорона боз ҳам дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Сипас, дар вазъи тантанавӣ ду нафар бо нишони “Медали хизмати шоиста”, 3 нафар бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, 2 нафар собиқадори меҳнат бо кумакпулии Раиси вилоят ва беш аз 35 нафар бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:795
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1387
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9664
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9422
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13300
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8172055

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?