Матни равон

Имрӯз, 12.09.2024 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар маркази шаҳр бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони "Истиқлолият-ормони таърихии миллат"бо иштироки гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳр баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Эмомалӣ Бобоев директори МДТИ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву Истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд. Мову шумо аз фарози қарни XXI бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва Истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд.

Аз ин лиҳоз, Истиқлолияти мо дар умқи таърихи куҳанбунёдамон решаҳои амиқи иҷтимоиву фарҳангиро дорост. Қаҳрамониҳои Спитамен, Абӯмуслим, ватанхоҳиву муборизаҳои Темурмалику Шерак, исёни адолатхоҳонаю озодихоҳонаи Восеъ ва даҳҳо дигар мисоли равшани муборизаи аҷдодони мо баҳри истиқлолият  мебошад. Аз ин рӯ, тавре баъзе муҳаққиқон ишора менамоянд, Истиқлолияти тоҷикон, фақат натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нест. Ҳаракати озодихоҳии ниёгони мо тӯли ҳазорсолаҳо идома ёфта,  дар ибтидои асри ХХ шаклу мазмуни нав пайдо намуд. Муборизаи шадиди мафкуравии фарзандони бузурги миллати мо, ба мисли Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим  Ҳоҷибоев, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Алоуддин Баҳоваддинов, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммад Осимӣ, Сотим Улуғзода ва гурӯҳи калони олимону зиёиёни сарсупурда ва дурандеш набояд аз ёдҳо зудуда гарданд. Онҳо, барҳақ, барои бедорӣ ва худогоҳии миллӣ ба тариқи таҳқиқу таблиғи таърихи бисёрҳазорсолаи ниёгон ва мероси оламгиру  ҷовидона мубориза бурда халқи моро ба шоҳроҳи манфиатҳои аслии миллӣ  ҳидоят намуданд. Зиёда аз ин, метавон гуфт, маҳз ҳамин кӯшишу ғайрати бошуҷоати онҳо, заминаи боэътимоди ташаккули ғояйи миллӣ гаштанд. Ин кӯшишу ҷонбозиҳо буд, ки миллати тоҷик дар солҳои 90-уми қарни ХХ соҳиби давлати мустақил гардид ва ба оламиён аз вуҷуди худ паём дод. Аммо нотавонбинону ҳасудон ва хоинони миллат аз дидани ин рӯзҳои саршор аз шодиву сурури халқи тоҷик дар пайи амалҳои ғаразнок гардида бо чанд роҳу усулҳо хостори табаддулоти давлатӣ ва халалдор намудани тинҷиву оромии халқи азиятдида гаштанд. Ин буд, ки кишвари моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии бародаркуш гирифтор сохтанд. Вале ин нуктаро фаромӯш набояд кард, ки халқи тоҷик дар тӯли таърих борҳо бар душманон зафар ёфта халқи худро аз душманон ҳифз кардаанд. Ин буд, ки фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи фидокоронаи фарзандони баруманди миллати тоҷикро идома дода, зимоми давлатдориро бар дӯши худ гирифтанд. Бо талошу ҷонбозиҳои ин шахси наҷиб миллати тоҷик аз вартаи нобасомониҳо раҳоӣ ёфт. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлоли кишвари азизи мо аз ҳар ҷиҳат рушд намуд. Имрӯз Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари озодихоҳ, мустақил ва дар ҳоли рушд мешиносанд. Халқи тоҷик имрӯзҳо шукрона аз ин Ватани озоду маҳбуб намуда, дар фазои тинҷиву оромӣ зиндагии осоишта ба сар мебаранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дарки моҳияти Истиқлолияти давлатӣ чунин гуфтаанд: “Истиқлолият ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа ба қадри он расад ва ин неъмати муқаддасу бебаҳоро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намояд. Мо бояд ҳамеша аз Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз кунем”.

Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овардааст. Воқеан даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард ва дар ҳамаи соҳаҳо навгониҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Яке аз соҳаҳое, ки пайваста дар таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти кишвар қарор дошт, соҳаи ҷавонон мебошад.

Имрӯз мо – ҷавонон аз ҳар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри омӯзиши фарҳангу тамаддун ва асолати таърихӣ, ҳифз ва муаррифӣ намудани он бардоштҳо гирифта дар роҳи амалисозии он камари ҳиммат баста истодаем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:735
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1387
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9604
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9422
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13240
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8171995

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?