15 Сентябр 2024
Санаи 14.09.2024 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо иштироки ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони "Миллати ҷисман солим рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад" доир гардид.
Ин тадбир дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалигардонии “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026” ба роҳ монда шуд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, варзишгоҳи марказӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, майдони Парчами давлатӣ ва дар назди ташкилоту муассисаҳо мунтазам баргузор гардида истодааст.
Ин тадбир минбаъд низ бо ҷалби васеи сокинон, наврасону ҷавонон ва дигар кормандони ташкилоту идораҳо пайваста баргузор мегардад.